Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, субҳи рӯзи 2 ноябр дар «Қасри миллат» мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардида, сипас музокироти васеи ҳайатҳои кишварҳо бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар назар аст.
Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо аз имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкории минбаъда интизорӣ рафта, ба намояндагони ВАО изҳороти муштараки матбуотӣ пешниҳод мегардад.
Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр маросими гузоштани гулчанбар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон имрӯз, 1 ноябр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии кишварҳо барпо мешавад.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.
Соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳудуди 95 млн. долларро ташкил дода, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, семент ва дар навбати худ Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои мавриди ниёзи мардум, алюминий ва маснӯоти он ва маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ мекунанд.
Сатру ҳиҷоб ва ҷинси даридаву либоси нимурён. Пӯшидани кадом либосҳо дар Тоҷикистон манъ шуд?
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи маош аз Афғонистон қафо монд?
Агентии обуҳавошиносӣ: охири моҳи июн ҳавои Тоҷикистон серчангу ғубор мешавад
Мукофотпулиҳои размикорони тоҷик дар Лигаи UFC маълум шуданд
Ҳамкорӣ зарур аст! Дар Душанбе лоиҳаи тақвияти ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо расонаҳо рӯнамоӣ шуд
Тими футболи “Куктош” Лигаи олиро тарк мекунад?
Ба қувваозмоии навбатӣ дар UFC Лоиқ Раҷабов чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Аҳмад Масъуд: “Агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”
Бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон аввали моҳи июл ифтитоҳ мешаванд
Боздошти директори "Гардуна" барои фиреби беш аз 80 нафар бо ваъдаи корёбӣ дар Чехия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста