Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон зикр гардид, ки ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли 2017 ишора намуда, таъкид карданд, ки сатҳи гардиши мол, сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ  бо дарназардошти иқтидору арзишҳои рушди иқтисодии ду кишвар қаноатбахш нест. Онҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ шуданд.

Дар ин робита, ду Роҳбар ба аҳамияти  талошҳои минтақавӣ барои тавсеаи транзит ва долонҳои нақлиётӣ, ки дар рушди пайвастшавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мусоидат менамоянд, таъкид намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар навбати худ аз соҳибкорони Ҳиндустон даъват ба амал овард, ки ба рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти электронӣ, бахши дорусозӣ, биотехнология ва ғайра саҳмгузорӣ кунанд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки имконоти сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гиранд.

Президенти Ҳиндустон ба Президенти Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва дӯстона изҳори миннатдорӣ намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Ин даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.