Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ӯ дар кори панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июн дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, иштирок мекунад.

Дар кори Саммити Душанбе ҳузури сарони кишварҳои Россия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло дар назар аст.

Дар ҷараёни сафари президенти Туркия ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мавзӯи меҳварии Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе “Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ” мебошад.

Маълумотномаи АМИТ “Ховар”

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, бо ташаббуси Ҷумҳурии Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфтааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд. Аз соли 2014 инҷониб қароргоҳи МҲТБО дар Нур-Султон, Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ аст.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.