Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти сафир бо президенти Эрон доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донист.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дода, ба сафир Низомиддин Зоҳидӣ барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.