Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 сентябр дар Ню-Йорк бо мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вохӯрӣ дар ҳошияи кори Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сурат ВКХ ҶТ

Зикр мегардад, ки сарвазири Тоҷикистон аз мудири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Қобили зикр аст, ки ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон санаи 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.

Хароҷоти пулӣ барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар маҷмӯъ зиёда аз 67,2 млн. сомонӣ (7,1 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Сурат: Asia-Plus

Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад. Шаҳрак яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010 дар руйхати ёдгориҳои таърихии чаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.