Рӯйхатҳои 7 ҳизби сиёсии кишвар, ки намояндагони худро аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кардаанд, аз ҷониби Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.
Тавре ба Азия-Плюс” аз КМИР ҶТ хабар доданд, аз Ҳизби аграрӣ 13 нафар номзадҳо тасдиқ шудаанд: Латифзода Рустам, Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович, Усмонов Мансур Саломович, Холбойзода Неъматулло Холбой, Сафаров Зайниддин, Ахмедов Мирзоанвар, Мусозода Шодӣ Абдухолиқ, Мирзозода Музаффар Бурҳон, Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар, Ниёзов Нуралӣ Сафарович, Сафарова Рупия Ҳакимовна ва Зиё Раҳмон.
Аз Ҳизби демократии Тоҷикистон 4 нафар номзадҳо ба вакилии парлумон пешниҳод шудаанд: Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, Холов Диловар, Зиёзода Таваралӣ Нозимпур ва Мирзоева Зуҳро.
Аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: Қудратов Рустам Раҳматович, Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич, Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Ализода Зафар Ахмадҷон, Раҳимов Абдулатиф Маҷидович ва Раззоқов Боҳодур Ҳаётович – ҳамагӣ 7 номзад.
Аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: Абдуллоев Мироҷ Санонович, Мирасанова Зарагул Боваровна, Мирзоева Қурбонҷон, Ёров Ҳабибулло Изатуллоевич, Ҳамидов Ҳикматулло ва Раҳмонов Азизҷон Салмонович – ҳамагӣ 6 нафар.
Аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 8 номзад: Ғаффоров Абдуҳалим, Юсупов Маъруфхуҷа Мадалихуҷаевич, Наимов Зариф Ҷомиевич, Рустамова Миҷгона Салоҳуддиновна, Боқиев Фаррух Махсудович, Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна, Бобоҷонова Наргиза Мухторовна ва Қобилова Уғул Мирзоевна.
Аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 8 номзад: Зойиров Раҳматилло Ҳомидович, Ҳакимов Шокир Қосимҷонович, Самадова Дилбар, Насруллоев Бахтиёр, Шоназарова Нигина, Одинаев Маҳмурод Шарифович, Азизов Қиёмиддин Маликшоевич ва Саидов Сиддиқ.
Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзад: Фаттоҳзода Саймурод Самад, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Тағойзода Сумангул Саид, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Қосимзода Идигул Тағо, Амонулло Хайрулло, Матробиён Саодатшо Қосимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло, Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович, Идизода Файзалӣ Фузайлшо, Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, Ҷӯразода Шарофиддин, Назаров Файзалӣ Насруллоевич, Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир, Давлатзода Рухсора, Тешаева Сафиямоҳ Саломовна, Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна, Амирбекзода Ҳабибулло, Давлатзода Зулфия Давлат, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович, Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода ва Абдуллозода Фариза Саидқул.
КМИР Тоҷикистон аз аҳзоби сиёсӣ дархост кардааст, ки барои расман бақайдгирии номзадҳояшон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд.
Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
Маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумон то 9-уми феврал идома меёбад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста