Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, дар бораи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ақидаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад, дастгирӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ даъват кард, ки ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидату дастгирии ҳамаҷониба намоянд.

Зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин пурзӯр кардани мониторинги манбаъҳои пайдоиши захираҳои об, бахусус, пиряхҳо ва таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва ба ин мақсад мавриди амал қарор додани пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, ӯ пешниҳод кард, ки ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои об кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки шарикони байналмилалӣ иқдомҳои баъдии ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дар суханронии президенти Тоҷикистон ба масъалаи коронавирус низ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, изҳори умедворӣ шуд, ки ваксинаи зидди коронавирус, ки дар бисёре аз кишварҳо мавриди коркард қарор дорад, барои ҳамаи кишварҳо дастрас хоҳад гардид ва дар оянда ҷонибҳои истеҳсолкунандаи ваксина ҷиҳати дар шакли кумаки гуманитарӣ бо як миқдори он таъмин намудани табақаҳои осебпазири кишварҳои дигар, алалхусус кӯдакону занон ва пиронсолон, иқдом хоҳанд кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳамагирии КОВИД-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонид.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар самти пешгирӣ аз паҳншавии он Тоҷикистон имрӯз талош дорад, ки ҳаҷми зарурии маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро зиёд карда,бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, кишварҳо ва шарикони рушд чораҳои зарурӣ андешад.

“Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оқибатҳои паҳншавии коронавирусро ҳамчун ҷараёни идомаёбанда арзёбӣ мекунанд, ки албатта, ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон бетаъсир нахоҳад буд, - изҳор дошт ӯ. - Чунин ҳолат пешорӯи рушди Тоҷикистон душвориҳои зиёди бесобиқаро ба бор меоварад. Ҳамагирии коронавирус ба паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт боис гаштааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.