Президенти Тоҷикистон имрӯз як қатор раисони шаҳру ноҳияҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд. Дар баробари ин ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шуданд.
Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудааст. Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд, раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ муовини якуми раиси вилоят таъин шудааст.
Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд Акрам Сулаймонзода ҳам аз мақомаш барканор шудаву ба ҷойи ӯ Баҳоваддин Баҳодурзода раиси ин шаҳр таъин шудааст. Акрам Сулаймонзода акнун муовини раиси вилояти Хатлон шудааст. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Раҷабалӣ Раҷабов омад.
Нусратулло Аюбзода ҳам аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳринав озоду ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода раис таъин шудааст. Гуфта мешавад Ҷаббор Носирзода то ин вақт муовини раиси шаҳри Ҳисор будааст.
Раиси ноҳияи Файзобод ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан ба курсии раиси ноҳия хайрухуш кардаву Бобишо Холзода ба ин курсӣ такя зад. Бобишо Холзода то ин замон сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳирхон Амиршозодаро аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Лутфия Шарифзодаро раис кард. Бону Шарифзода пеш аз раис шудан дар ҳамин ноҳия муовини раис буд.
Ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода низ озод ва ба ҷойи Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ омад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста