Имрӯз аъзои нави Ҳукумати Тоҷикистон баъди таъйид шудан аз сӯйи вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Дар Тоҷикистон мутобиқи моддаи 73 Қонуни Асосии кишвар ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва таъйид шуданашон аз сӯйи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри аксҳое аз ин маросим менависад, ки "аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд".
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони Кумитаи давлатӣ иборат аст. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста