Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 апрел раиси парлумони Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.
Таъкид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/295802/%D0%BA%D0%BE%D1%80%201.jpg)
Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.
Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.
Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/295802/%D0%BA%D0%BE%D1%80%202.jpg)
Сипас Пак Бён Сокро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо, инчунин сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта мешавад, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши батадриҷи ҳаҷми гардиши мол, ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи тиҷорати муштарак бо истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва васеъгардонии сохтори молии воридотиву содиротӣ, изҳор карда шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/295802/%D0%BA%D0%BE%D1%80%203.jpg)
Дар ин робита, ба масъалаи тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои аграрӣ, саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика, инчунин фазои мусоиди сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои кореягӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд пешниҳод карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста