Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи ниҳоди зери раҳбарияш аз шарҳи хабарҳои марбут ба қабул шудани қонун дар “Дар бораи афв” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар ин бора ба Вазорати адлия чизе маълум нест.
Вазири адлия қабул шудани ин гуна қонунро на рад ва на таъйид кард.
Ӯ гуфт, ки “мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”.
Ин изҳори назари вазири адлия дар ҳолест, ки пештар хабарҳои дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани қонун афв, расонаӣ шуда буд. Ҳатто дар ин гуфтугузорҳо сухан аз афи ҳамафарогир ё ба истилоҳи маъмул “тилоӣ” мерафт.
Рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ як манбаи боэътимоди “Азия-Плюс” аз Вазорати адля аз омодагиҳо барои қабули ин қонун хабар дода буд.
Ин манбаъ гуфта буд, ки дар бораи ҷузъиёти ин қонун ҳарф задан хеле барвақт аст, вале гуфта буд, ки “афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст”.
“Аммо ҳанӯз маълум нест, ки президент ин санадро кай имзо мекунад. Шояд ин санад то охири моҳи август ба имзо расад ва сипас ҷузъиёти қонуни афв маълум шавад”,-, итминон дода буд манбаи мо.
Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста