Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент.
Дар оғози суҳбат президенти Русия Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудаш табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти неки худро орзу намуд.
Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Гуфта мешавад ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.
Ҳамчунин атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста