Намояндаи ҳайати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав ҳузур дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта ҳоло ниҳоӣ нест.

“Минбаъд ислоҳот сурат гирифта, дар ҳукумат тағйирот мешавад. Наметавон гуфт, ки он ниҳоӣ аст ва тавре пештар гуфта будем, ин ҳукумати муваққатӣ мебошад. Ва оянда ислоҳот гузаронида мешавад”, - иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ бо шахсони расмии Русия ҳайати толибон рушди робитаҳои иқтисодиро байни Русия ва Афғонистон баррасӣ кардаанд.

“Мо бо Русия муносибати хуб дорем. Масоили гуногун, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷоратиро баррасӣ кардем. Ба сурати умум, сиёсати ҳукумати нави муваққатии Афғонистон дар он ифода меёбад, ки бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии кишвар, он ба маркази иқтисодие табдил дода шавад, ки ба густариши савдо миёни кишварҳои минтақа мусоидат намуда, ба ҳамгироии иқтисодии Афғонистон кумак кунад”, - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Муовини сарвазири ҳукумати “Толибон”, роҳбари ҳайат Абдул Салом Ҳанафӣ дар навбати худ зикр кардааст, ки иштирокчиёни вохӯрӣ муҳим будани робитаҳо бо толибонро эътироф кардаанд.

“Ҳамчунин ҳамаи кишварҳои иштирокчии вохӯрӣ аз роҳандозии робитаҳои мутақобилаи зич бо ҳукумати нав дар Афғонистон дастгирӣ намуданд”, - иброз доштааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Русия вохӯрии “формати Маскав” оид ба Афғонистон ба кор оғоз намуд, ки дар он намоядагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок мекунанд.

Масоили вазъияти кунунии ҳарбиву сиёсӣ дар Афғонистон пас аз ҳукуматро ба даст гирифтани толибон, мусоидати башардӯстона ва таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар дар меҳвари рӯзномаи вохӯрӣ қарор доранд. Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Маскав қабули изҳороти муштарак дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Вафо Алибек Ниятбекзода намояндагӣ мекунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.