Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард.
Ин паёми раисҷумҳур, ки усулан як навъ ҷамъбасти 30-солагии Истиқлол буд, аз ҳушдор додани мардум аз даврони сахту сангини ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва Раҳмон таъкид кард, ки "ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд".
Президенти Тоҷикистон дар ин паёмаш гуфт, ки дар оғози истиқлол "Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид".
Аммо Раҳмон аз ҳеч гурӯҳе ба таври мушаххас ном набурд.
Раҳмон солҳои 2022-2026-ро панҷолаи рушди саноат эълон кард.
Ба назари раисҷумҳур ин солҳо "бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод мешавад".
Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ин панҷсола дар замони ҷашнгирии 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.
Ҳамчунин ба гуфтаи раисҷумҳур, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.
Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.
Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш дар бораи боло бурдани ҳаҷми маош дар кишвар хабар дода, таъкид кард, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз 1-уми июл соли оянда маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигари буҷавӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.
Президент гуфт, андозаи нафақаи ятимони кулл ва нимятимонро бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардидаро аз 1-уми июли соли 2022 зиёд карда шавад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз таҳия ва қабул шудани Стартегияи иқтисоди сабз ва Стратегияи миллии ҳуши сунъӣ дар соли оянда хабар дод ва гуфт, ки бо назардошти дигаргуниҳои ҷаҳони муосир бояд лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия ва қабул кунем.
Матни комили паёми Эмомалӣ Раҳмонро мешавад дар ин ҷо мутолиа кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста