Имрӯз, 12 январ аз таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе 5 сол мегузарад. Панҷ сол барои рӯнамоии маҳорат ва дараҷаи мудирияти як раҳбар давраи хеле каме нест. Дар бештари кишварҳо раҳбарон барои як панҷсола интихоб мешаванд ва ба онҳо фурсат дода мешавад, ки дар ин муддат халлоқиятҳои раҳбарии худро ба намоиш бигузоранд.

Дар ин матлаб, ҳадафи мо таҳлили фаъолияти панҷсолаи Рустами Эмомалӣ дар мақоми шаҳрдори Душанбе нест. Балки як нигоҳи гузаро ба бархе аз муроҷиатҳо ба унвонии шаҳрдори ҷавони Душанбе аст. Зеро баъди шаҳрдори Душанбе шудани Рустами Эмомалӣ, муроҷиатҳо ба номи ӯ хеле зиёд  ва ҳатто дар ин авохир “муд” шуд.

Шояд барои зиёд шудани муроҷиатҳо ду чиз сабаб шуда бошад: яке ин ки Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва дигар ин ки ӯ дар моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва ба таври худкор мақоми шумораи дуи Тоҷикистонро ба даст овард.

Баъди ин, шаҳрдори Душанбе ба шахсияте табдил ёфт, ки на танҳо сокинони Душанбе, балки аҳолии Тоҷикистон чунин мешумориданд, ки агар ба мушкилоташон ӯ дахолат кунад, ҳатман масъала ҳалли худро меёбад. Бо ин мақсад даҳҳо нафар ба ӯ муроҷиат мекарданд ва хостори адолат ва ҳалли қазияҳо мешуданд. Ӯ воқеан, ба баъзе масъалаҳо дахолат кард ва онҳо ҳалли худро ёфтанд. Вале муроҷиатҳое ҳам буд, ки то ба ҳол шаҳрдори ҷавон ба онҳо вокуниш накардааст.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки 10 муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандиро, ки ба онҳо Рустами Эмомалӣ вокуниш кард ё то ҳол накардааст, ҷамъоварӣ кунад.

5 муроҷиате, ки ба онҳо Рустами Эмомалӣ вокуниши фаврӣ кард

Муроҷиати № 1: Қазияи Мадина

Яке аз масъалаҳое, ки давоми соли 2021 Рустами Эмомалӣ таъҷилан вокуниш кард, “қазияи Мадина” буд. Ин қазия чанд рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх зад ва танҳо баъди муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва наздикони Мадина Мамадҷонова ба ӯ, рӯзи 1 ноябр Рустами Эмомалӣ ба ин масъала вокуниш кард ва онро шахсан таҳти назорати худ гирифт.

Азиза Давлатова, Мадина Мамадҷонова, Парвиз Давлатов

Ҳарчанд нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, гумонбарон тибқи қонуни авфи соли 2021 аз ҷавобгарӣ озод шуданд, вале баъди супориши Рустами Эмомалӣ Додситони кулл дубора парвандаро баррасӣ кард. Дар натиҷа,  Азиза Давлатова ба 11 сол ва Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин, бо татбиқи қонуни авфи соли 2021 аз ҳукми Азиза як сол ва аз ҳукми Парвиз 2 солу 6 моҳ кам карда шуд.

Баъди дахолати Рустами Эмомалӣ, бархе аз кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла муовини додситони ноҳияи Сино аз мақомаш барканор шуд.

Муроҷиати № 2: Қазияи Руфайда.

Ҳамин тариқ, тобистони соли гузашта, Рустами Эмомалӣ ба яке аз дигар қазияҳои пурсарусадои ҷомеа дахолат кард. Ӯ дар як ҷаласаи палатаи болоии порлумон дастур дод, ки сабабу омилҳои таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ маълум ва омилони қазия ба сахтарин шева муҷозот шаванд. Рустам, замоне ба ин қазия вокуниш намуд, ки як рӯз пеш аз ҷаласа ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои расидагӣ ба ин масъала  ба ӯ муроҷиат карданд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо ин муроҷиат аз Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки барои чунин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муҷозот сангинтар шавад.
Руфайда Иноятова

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони соли гузашта аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳамсояашон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар қатли Руфайда Иноятова ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳамчунин, соли 2020 Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати пайвандони духтарчаи 3-солаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода вокуниш карда, пешниҳод кард, ки нисбати шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.

Муроҷиати № 3: Қазияи хонамузейи Айнӣ

Масъалаи дигаре ки танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ ниҳоӣ шуд, ин баҳси кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Душанбе буд. Моҳи ноябри соли 2021 Рустами Эмомалӣ пас аз номаи донишмандон ва сару садоҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастур дод, ки ин бино тахриб нашавад ва нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.

Аммо ин тасмими Рустами Эмомалӣ дар ҳоле гирифта шуд, ки масъалаи кӯчондани ин Хона-музейро ҳам ҳукумати шаҳри Душанбе, яъне муовини Рустам матраҳ карда буд.

Як ҳафта пеш аз хабари тахриби Хона-музей, шаҳрдории Душанбе дар як нома аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоста  буд, ки ин ниҳод ба тахриби ин бино мувофиқат кунад.


Пас аз нашри ин хабар, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногуне ба ин иқдоми шаҳрдории Душанбе сурат гирифт. Аз ҷумла чандин ниҳодҳои илмиву эҷодӣ хостори он шуданд, ки ин бино тахриб нашавад ва хостанд шаҳрдории Душанбе аз ин тасмими худ даст кашад. 

Муроҷиати № 4: Қазияи сохтмонҳо

Рустами Эмомалӣ на танҳо зидди тархиби биное дар Душанбе бархоста буд, балки дар замони фаъолияташ ба муроҷиати сокинони шаҳри Душанбе дар мавриди ба таъхир афтодани сохтмони хонаҳо низ вокуниш кард. Ӯ муроҷиати як гурӯҳ сокинони Душанберо, ки гуфта мешуд, ширкати сохтмонии "Союз-сохтмон" маблағҳояшонро гирифтаву 8 сол боз хона намедиҳад, баррасӣ намуда, ваъда дод, ки сокинон пас аз як сол соҳиби хона мешаванд.

Маълум шуд, ки  сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз гардида, сохтмончии асосии он бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро аз худ карда, бо ҳукми додгоҳ аз озодӣ маҳрум гардида ва ҳоло дар маҳбас қарор дорад.

Ҳамин тариқ, соли 2018 шаҳрдори ҷавон ба мушкилоти саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамоми дигар-"Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014" таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳарчи зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ дастур дода буд.


Саҳмгузорон дар муроҷиатномаашон гуфта буданд, ки акнун ба ҷуз Худо, дигар ба онҳо танҳо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ кумак карда метавонад.

Муроҷиати № 5: Қазияи “гаппартоӣ ба духтарҳо”.

Соли 2019 барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон ҷазо пешбинӣ гардид. Ин тасмим баъд шикояти чанд духтари ҷавон ба раиси шаҳри Душанбе барои ҳимояти онҳо аз бадрафтории мардон дар хиёбонҳои пойтахт гирифта шуд.

Дар пайи шикояти духтарон, шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод. Ҳамчунин рафтори мардонро дар Душанбе  2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард. Илова бар ин, дар милисаи шаҳр гурӯҳи назорати махсус аз шикояти бонувон роҳандозӣ шуд.

5 муроҷиате, ки Рустами Эмомалӣ вокуниш накард.

Ҳамин тариқ,  баъзе масъалаҳо ва муроҷиатҳои дастаҷамъонае ҳам ҳастанд, ки то ба ҳол Рустами Эмомалӣ ба онҳо вокуниш накардааст.


Муроҷиати № 1: Қазияи Хоруғ

Яке ин шикоятҳои тозатарине, ки ба номи шаҳрдор шуд, муроҷиати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки онҳо аз ӯ хостанд, масъалаи вазъият дар ВМКБ-ро дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба мардуми вилоят кӯмаки амалӣ намояд. То ҳол маълум нест, ки кӯмаки амалӣ гуфта намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чиро дар назар доранд.

Онҳо аз сабаби гирдиҳамоии чоррӯзаи сокинони ВМКБ ёдовар шуда, гуфтанд, гирдиҳамоии 25-28 ноябр худҷӯш буд ва дар заминаи ҳаяҷон сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи баъдии Маҷлиси миллӣ масъалаи Бадахшон баррасӣ нашуд ва ба муроҷиати онҳо ҳам вокунише ба нашр нарасид.

Муроҷиати № 2: Қазияи  Иззат Амон  

Моҳи ноябри соли 2021 Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст, барои додхоҳӣ ба қабули Рустами Эмомалӣ рафт, вале ӯро на Рустам, балки яке аз муовинони шаҳрдорӣ қабул карда, ваъда додааст, ки ҳарфҳояшро ба Рустами Эмомалӣ мерасонад.


Модари Иззат Амон мегӯяд, чанд рӯз баъд аризаи шикоятӣ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад ва ӯ хостааст, ки «шаҳрдор барои тантанаи адолат мусоидат кунад». Вале бо гузашти беш аз ду моҳ то ҳол ба муроҷиати модари Иззат Амон вокунише нашр нашудааст.

Муроҷиати № 3: Қазияи “облава”

 Яке аз масъалаҳое ки ҳамеша доғ аст, ин “облава” ё сарбозшикор аст, ки дар як сол ду мавсим дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Дар робита ба ҳамин масъала, моҳи апрели соли 2021 рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ ва роҳбари дастгоҳи президент бо дархости хотима бахшидан ба сарбозшикор ё “облава” муроҷиат намуданд.

Онҳо хоҳиш карда буданд, ки ин масъулин бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳанд, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад”.

Бо гузашти камтар аз 20 рӯз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон шикояти онҳоро қабул карда, онро ҷиҳати баррасӣ ба Вазорати мудофиа, ВКД ва Прокуратураи генералӣ фиристод. Вале дар робита ба ин шикоят аз ҷониби раиси Маҷлиси миллӣ то ба ҳол вокунише нашудааст.

Муроҷиати № 4: Қазияи “Манора”

Муроҷиати дигаре, ки то ба ҳол аз ҷониби Рустами Эмомалӣ вокуниш нашудааст, ин додхоҳии падари Манораи Абдуфаттоҳ аст, ки ҷасадаш моҳи июни соли 2021 дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд.

Дар ин муроҷиатнома, ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста мешуд, ки баҳри таъмини адолат ва кафолати дахлнопазирии ҳаёт, қадр ва номуси инсон дар кишвар мусоидат кунанд.

Онҳо аз он шикоят мекарданд, ки муфаттишони додситони ноҳияи Файзобод баъди ду ташхсиси тиббӣ сабаби марги Манораро худкушӣ гуфтанд ва ҳамин тариқ, бо айби муфаттиши парванда яке аз гумонбарони асосӣ бо иҷозати муфаттиш ба хориҷи кишвар рафт.

Онҳо ҳатто талаб доштанд, ки дар сурате ки ӯ ба худкушӣ расонида шуд, бояд нафароне ки ӯро ба худкушӣ расониданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вале бо гузашти беш аз чанд моҳ то ба ҳол ба ин муроҷиатнома вокунише ба назар намерасад.

Муроҷиати № 5: Қазияи нақлиёти пойтахт

Охири моҳи ноябри соли 2021 баъди он ки нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе гарон шуд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Рустами Эмомалӣ бо дархости ройгон кардани истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ барои мактабхонҳо муроҷиат кардаанд.

Дар он гуфта мешавад, ки пас аз боло рафтани қимати роҳкиро дар нақлиёт бисёре аз кӯдакон ба далели камбизоатӣ аз таҳсил даст кашиданд.

Ҳамчунин онҳо аз Рустам хоҳиш намуданд, ки имкони ҷорӣ намудани 50% тахфифи солона дар нақлиёти ҷамъиятиро баррасӣ намояд ва ҳамчунин, ба ронандагон дастур шавад, ки минбаъд аз нақлиёт мактабхонҳои ноболиғро бидуни билет пеш накунанд.


Онҳо ин муроҷиаташонро ба он асоснок карданд, ки барои бисёре аз оилаҳои камбизоат, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, пардохти пули нақлиёти ҷамъиятӣ гаронӣ мекунад.

Ин муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам аз ҷониби Рустами Эмомалӣ бевокуниш монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.