Субҳи имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо иштироки раиси Суди олӣ Шоҳиён Шермаҳмад, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир намуд.
Тавре сомонаи расмии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни баргузории ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари 3-солаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба ин ва дигар ҷиноятҳои дар давраи солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 содиршуда оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳодисаи дар шаҳри Турсунзода содиршуда шахсони гумонбар дастгир гардида, айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорат идома дорад.
Инчунин доир ба ин масъала раиси Суди олии ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гузориш доданд.
Гуфта мешавад, пас аз гузориши роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рустами Эмомалӣ ба онҳо супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.
“Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд”, - омадааст дар хабар.
Зиманан зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 5
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2026
Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?
Ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи ҳавои сард ва барфу борон дар Тоҷикистон
Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад, вале ҳоло замони оғози бозсозӣ маълум нест
Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш
“Дари манзилашон муҳр зада шудааст”. Бо гузашти беш аз як моҳ далели марги 3 узви як оила дар Исфара ошкор нашудааст
Додрасеро, ки аз ошёнаи 9-уми бино афтода ҷон бохт, дар зодгоҳаш ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста