Растами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод шаҳрдори Душанберо муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтанд.
- Зимни сафари расмӣ дар Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, -навиштааст шаҳрдории Душанбе.
Бояд гуфт, ки давоми ду соли охир Рустамӣ Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ва шарҳдори Душанбе ба як қатор кишварҳои дигар низ сафари корӣ анҷом дода буд. Аз ҷумла моҳи марти соли равон, Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ Озарбойҷон рафта буд.
Ёдовар мешвем, ки нимаи дуввуми моҳи марти соли равон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури пешини ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар бо касби 72,97 дарсади овозҳо раисҷумҳури ин кишвар эълон шуд.
Сардор дар Осиёи Марказӣ нахустин нафаре шуд, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос бурд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста