Имрӯз, 7-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои руси худ Владимир Путинро, ки 70-сола шуд, бо ирсоли барқия бо зодрӯзаш табрик намуд, хабар медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.
Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз Владимр Путин “ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода” тавсиф шуда, таъкид гардидааст, ки “мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям”.
“Хизматҳои муҳими Шумо дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия қобили баҳои баланданд. Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Россияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем”, - гуфта шудааст дар барқия.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин “саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Россияи дӯст, ба мардуми он — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор” таманно намудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ду рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон низ худ зодрӯз дошт ва ӯро ҳамтоёнаш, аз ҷумла Владимир Путин тадрик намуданд.
Владимир Путин ба муносибати 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 тақдим намуд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста