Кишварҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ фишор оварда, аз онҳо талаб мекунанд, ки ба таҳримҳо нисбати Маскав ҳамроҳ шаванд, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ. Дар ин бора Лента.ру хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Маскавро талаб мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо, “Русия дар ҷанг бо Ғарб ба бохт дучор мешавад” ва пешниҳод мекунанд, ки пешакӣ мавқеи “ҷониби ғолиб”-ро ишғол намоянд.
“Ба иловаи пешниҳодоти лафзӣ, таҳдидҳои ҷиддии фишор низ сурат мегирад: шумо бозорҳои мо ва сармоягузорие, ки мо дар кишварҳоятон анҷом доданӣ ҳастем, аз даст медиҳед, барои кумак ба Русия дар канорагирӣ аз таҳримҳо даст кашед”, - иброз доштааст дипломат.
Сергей Лавров зикр кардааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки чунин фишору таҳдидҳоро ба инобат гиранд.
“Мо исрор намеварзем, ки ҳамаи масъули сохтори иқтисодӣ дар ҳар кадоме аз давлатҳои ба мо дӯст субҳ сари минбар оянду бигӯянд, ки “мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем”. Ба мо кофист, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба таҳримҳо ҳамроҳ нашуд”, - таъкид доштааст вазири корҳои хориҷии Русия.
Лавров илова намудааст, ки ҷониби Русия дар якҷоягӣ бо шарикони дӯст "механизм ва абзорҳои нави ҳамкориро муваффақона таҳияву дарёфт мекунад, ки ба нозу нуз ва майлу ҳавасҳои ҳамкасбони ғарбӣ вобаста набошанд".