Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Антониу Гутерриш бо сафари корӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ раҳсипор шуд.

Ӯ рӯзи 30 июн ба Ӯзбекистон омада, аз маҷмааи Ҳазрати Имом боздид кард. Дар ин ҷо ба ӯ дар бораи таъриху сохтмони масҷиду мақбараҳо маълумот доданд. Ҳамчунин ба ӯ Маркази тамаддуни исломӣ муаррифӣ шуд.

Рӯзи 1 июл дабири кулли СММ аз неругоҳи барқи офтобии RiverSide дар вилояти Тошканд, инчунин маҳалла дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт боздид намуд.

“Ӯ бо тағйирот дар соҳаи энергетикаи «сабз» дар Ӯзбекистон, натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда дар ин самт шинос шуд», – хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

Сипас Антониу Гутерриш ба маҳаллаи Дилбулоқи ноҳияи Яккасаройи Тошканд рафта, бо низоми идораи маҳалла аз наздик шинос шуд. Ба шароитҳои фароҳамшуда дар ин маҳалла таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Аз ҷумла, меҳмонро бо фаъолиятҳо дар самти таъмини шуғл, равона кардани ҷавонон ба таҳсил, бахшҳои алоҳидаи тиҷорат шинос карданд.

Ҳамчунин дабири кулли СММ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид карда, дар он масоили ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва иттилоотӣ дар минтақа баррасӣ шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои угфтушунид дар бораи таҳияи муштараки Барномаи қолабии ҳамкорӣ бо СММ бо мақсади рушди устувори Ӯзбекистон барои солҳои 2026-2030 тавофуқ ҳосил шуд.


Пас аз вохӯрӣ маросими ба Антониу Гутерриш тақдим намудани яке аз мукофтҳои баланди давлатии Ӯзбекистон - ордени “Дӯстлик” дараҷаи олӣ баргузор шуд. Мукофот “барои пешбурди фаъолонаи ҳамраъйӣ ва ягонагӣ дар ҷаҳон, беҳбуди самаранокии фаъолияти созмон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ байни кишвари мо ва СММ” супурда шуд.

Бино ба маълумоти СММ, дар ҳар кадоме аз кишварҳо Антониу Гутерриш бо сарвари давлат ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат вохӯрда, бо лоиҳаҳои марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим шинос мешавад ва бо фаъолони маҳаллӣ суҳбат хоҳад кард.

Санаи дақиқи ба Душанбе омадани Гутерриш ҳанӯз муайян нест, аммо маълум аст, ки 4 июл ӯ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Остона иштирок хоҳад кард.

То ин вақт Гутерриш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2017 сафар карда буд. Сафари кунунӣ ба минтақа то 7 июл идома хоҳад ёфт.

Таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим

Яке аз мавзӯъҳои асосии сафари Гутерриш мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад, зеро дар Осиёи Марказӣ он ба экосистемаҳо ва иқтисод таъсири назаррас мерасонад. Дабири кулли СММ бо лоиҳаҳое, ки ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он равона шудаанд, шинос мешавад.

Яке аз мавзӯъҳои суханронии Гутерриш дар нишасти СҲШ инчунин аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли самараноки таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва ихтилофҳои геополитикӣ хоҳад буд.

Антониу Гутерриш
Сурат аз сомонаи СММ

Дар сафари Гуттериш ба ҳамкорӣ бо фаъолони маҳаллӣ ва шиносоӣ бо ташаббусҳои онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд. Ин ба дабири кулли Созмон имкон медиҳад, ки мушкилоти маҳаллиро беҳтар дарк ва пешниҳодҳоро оид ба ҳалли онҳо қабул кунад.

Дар СММ бар ин назаранд, ки ин гуна муносибат ба дарки амиқтари вазъ дар маҳалҳо мусоидат намуда, ба таҳияи стратегияҳои самараноки дастгирӣ кумак мекунад.

Тоҷикистон - ташаббускор дар рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва иқлим

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошт, ки баррасии масоили тағйирёбии иқлим барои кишвари мо махсусан муҳим аст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барномаҳои СММ-ро дар соҳаи коҳиши таъсири буҳрони иқлим фаъолона дастгирӣ карда, дар ин самт ташаббусҳои худро пешниҳод меамояд, аз ҷумла дар доираи гурӯҳи "Дӯстони пиряхҳо".

Қобили зикр аст, ки 93%-и қаламрави Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат буда,  ин ҷо ҳамасола ҳодисаҳои фалокатбори иқлимӣ ба монанди ярч, обхезӣ, хушксолӣ ва тарма рух медиҳанд ва ба ҳалокати одамон ва осеби зерсохтор боис мегарданд.

Дар кишвар беш аз 13 ҳазор  пирях ба қайд гирифта шуда, тақрибан 60 фоизи захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Солҳои охир беш аз ҳазор пирях об шуд, ки барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ҷиддӣ ба бор меорад.

Ҳалли ин ва дигар масъалаҳо, чунон ки президент зикр кард, "ҳамкории амиқи байналмилалиро" талаб мекунад.

Ҳамон вақт президент хабар дод, ки дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад ва аз рӯи ин нишондод кишвар дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.

Осиёи Марказӣ - минтақаи осебпазир

Мувофиқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2018, Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи дорои дараҷаи баланди осебпазирӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ шудааст.

Минтақа масоҳати васеъро дар бар мегирад, ки он 3 994 400 километри мураббаъ ё тақрибан 10%-и қаламрави қораи Осиёро ташкил медиҳад ва теъдоди аҳолиаш аз 70 млн нафар зиёд аст.

Як хусусияти муҳими ин минтақа ҷойгиршавии он дар маркази қитъаи АвруОсиё ва набудани рехтани оби дарёҳо ба уқёнусҳо мебошад.

Кӯҳҳо ба таъсироти тағйирёбии иқлим ҳассос буда, дар ташаккули обу ҳаво дар қаламрави васеъ нақши муҳим мебозанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, бо сабаби бесамарии технологияҳои обёрӣ 50 фоизи об барои обёрӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ талаф меёбад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим масоҳати пиряхҳо дар минтақа дар 50-60 соли охир 30 фоиз кам шуда, хароҷоти солонаи таназзули заминҳо 4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ таъсир мерасонад.

Ба ақидаи коршиносон, сафари Гутерриш таваҷҷуҳро ба мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва амният ҷалб мекунад. Баррасии ин масъалаҳо дар сатҳи баланд ба таҳияи роҳҳои ҳалли самаранок ва таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.