Имрӯз, 2-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳури Тоҷкистон барои ширкат дар нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” бо сафари корӣ ба Қатар рафт.
Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа Султон ал-Мурайхӣ, вазири Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ва дигар намояндагони ин кишвар пешвоз гирифтанд.
Қаблан дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои солонаи СММ бо Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ амири Давлати Қатар мулоқот карда буд.
Дар ин вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар “Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ”, баррасӣ гардидаанд.
Маълум нест, ки дар нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” кадом масоил мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисҷумҳурро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, вазири молия, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
Мактберо дар Рӯдакӣ ба номи забоншинос Ҳомид Маҷидов гузоштанд
“Хостори хуб шудани муносибат ҳастем”. Як намояндаи Толибон дар бораи равобит бо Тоҷикистон сухан гуфт
Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ
Филармонияи давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Ифтитоҳи чанд корхона ва мактаби варзишӣ. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд идома дорад
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
“Тоҷиконро дар Русия озор медод”. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони сӯйиқасд ба ҳамватанонаш
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста