Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар ин нома аз Татяна Москалкова хостааст, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия таваҷҷуҳ кунад ва ин масъаларо зери назорат гирад.

Омбудсмени тоҷик дар номае, ки 10-уми октябр навиштааст, гуфтааст, ки “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнуи муомила, аз қабили дағалӣ, латукӯб ва таҳқир алайҳи онҳо истифода мекунанд”.

Умед Бобозода ҳамчунин аз шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Русия нигаронӣ карда, гуфтааст, ки онҳо рӯзҳои зиёд дар марз бидуни шароити дурусти нигоҳдорӣ ва ғизо нигоҳ дошта мешаванд.

Ба гуфтаи Омбудсмени тоҷик, дар байни онҳо пиронсолон, занону кӯдакон, аъзоёни ҳайати расмӣ ва донишҷўён низ ҳастанд.

“Барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия мусоидат намуда, ин гуна қазияҳоро зери назорат ва баррасии худ қарор диҳед”, - дархост кардааст Бобозода аз Москалкова.

Назари Омбудсмени Русия ба ин мактуби ҳамтои тоҷикаш ҳоло маълум нест.

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳамла ба “Крокус” дар Маскав мақомоти Русия дар ин қазия ҳамчун гумонбари асосӣ чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд ва пас аз ин ҳодиса азияту озори муҳоҷирон дар ин кишвар якбора афзуд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Омбудсмени тоҷик дар пайи зиёд шудани фишор ба муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо аз Русия ба таври бесобиқа нигаронӣ карданд.

Чанде қабл Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия низ ширкат дошт, гуфт, “Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст”.

Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи "таъмини амният" ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд "соатҳо ва ҳатто рӯзҳо" нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сарвазири ҷумҳурӣ, талабот ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби корфармоёни рус зиёд мешавад.

Ӯ даъват кард, ки ба ҳалли воқеан муассири масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират гузаштан лозим аст, то ки дар ин масъала байни кишварҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шавад.

Марат Хуснуллин изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон барои назорати раванди муҳоҷират бояд гурӯҳи корӣ ташкил кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси ин гурӯҳ ва тағйир додани қонунгузории муҳоҷирати Русия, дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” изҳори нигаронӣ кард. Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки рӯзи 7 октябр баргузор шуд, ӯ ба далелҳои мамнӯъияти вуруди муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ пешниҳодшуда таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳ кард.

“Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, - таъкид кардааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳарчанд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишвари мушаххас ном набурадааст, вале тайи чанд моҳи охир фишор болои муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия кору таҳсил мекунанд, якбора зиёд шудааст.

Мақомоти Русия баъзе донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ намедиҳанд ва теъдоде аз муҳоҷирони меҳнатиро дар сарҳадҳои ин кишвар соатҳо нигоҳ дошта, баъдан дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё вурудашонро ба Русия манъ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.