Чанде пеш мо дар бораи мушкили сироятёбӣ аз ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба Тоҷикистон баргашта мавод нашр кардем. Дар мақола зикр мешуд, ки ҳар сеюмин шахси мубталои ВНМО дар Тоҷикистон муҳоҷири аз хориҷа баргашта аст. Ин маълумот барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ташхиси саривақтӣ ва пешгирӣ аз сироят нашр гардида буд. Аммо сафҳаву гурӯҳҳои русгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Telegram бо таҳрифи ин маълумот талош карданд аз он барои ташаккули тасаввуроти бардурӯғ оид ба хатари муҳоҷирон ба ҷомеаи ин кишвар истифода баранд.
Маълумоти воқеӣ
Маълумоти дар мақолаи мо зикршуда ба омори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ (Вируси норасоии масунияти одам/Бемории пазируфтаи норасоии масуният) асос ёфта буд. Тибқи ин омор, давоми панҷ соли охир дар кишвар 5 ҳазору 463 ҳолати сироятёбӣ аз ВНМО ошкор шудааст, ки 22%-и он муҳоҷирони аз хориҷа ба ватан баргашта мебошад. Агар дар соли 2019 муҳоҷирони баргашта ҳамагӣ 17%-и сироятшудагонро ташкил мекарданд, пас то соли 2023 ин рақам ба 32,5% расидааст. Махсус бояд таъкид кард, ки муҳоҷирон дар Русия ба ин беморӣ сироят ёфта ба ватан бармегарданд, на баръакс. Яъне ин омори дар Тоҷикистон сироят ёфта, ба Русия рафтагон нест!
Дар мақола аҳаммияти санҷиш ва пешгирӣ аз сирояти ВНМО байни муҳоҷирони ба ватан баргашта таъкид шуда, дар бораи зарурати ташхис ва муроҷиат ба марказҳои тиббӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус тавсияҳо дода шуда буд.
Таҳриф ва дасткорӣ
Пас аз нашри мавод, бархе саҳифаю гурӯҳҳои русгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки "ҳар сеюмин муҳоҷир, ки ба Русия меояд, аз ВНМО сироят ёфтааст". Ин дурӯғ ва таҳрифи кулли воқеият аст. Маълумоти дар мақолаи мо нашршуда фарогири танҳо муҳоҷирони аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд. Ба омори муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд, умуман рабт надошт.
Аммо баъзе саҳифаю гурӯҳҳо бо таҳрифи иттилоъ навиштанд, ки "138 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ВНМО сироят ёфтаанд". Онҳо омори сироятёбӣ миёни кулли сокинони кишварро бардурӯғ ҳамчун омори сироятёбӣ миёни муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, нашр карданд.
Ин албатта дасткорӣ ва ё дурӯғпароканӣ аст.
Бештар аз ин, баъзе расонаҳо афсонабофӣ карда, қиссаи занеро нашр карданд, ки гӯё бо муҳоҷире шинос шуда, ӯро ба хонааш даъват кардааст ва баъди робитаи ҷинсӣ бо ӯ ба ВНМО олудааст. Албатта, ин афсона барои тасвири муҳоҷирон ҳамчун таҳдид эҷод ва паҳн карда шуд.
Дигар расонаҳо ба “алоқаҳои ҷинсии бетартибона” ва “махсусиятҳои динӣ”-и муҳоҷирон, ки гӯё аз истифодаи воситаҳои пешгирӣ парҳез мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳарчанд ин “назария”-ҳо ҳеҷ асоси илмӣ надорад, аммо барои манфӣ муаррифӣ кардани симои муҳоҷирон бофта мешаванд.
Назарҳи коршинос
Рустам Гулов, коршиноси расонаҳо ва мутахассиси саводи расонаӣ шарҳ медиҳад: “Ин навъи таҳрифкорӣ намунаи аслии дурӯғпароканӣ аст, ки тибқи он маълумоти воқеӣ дар замина қарор дорда шуда, бо ҳадафи эҷоди тасаввуроти бардурӯғ, пешниҳод мешаванд. Бадномкунии симои муҳоҷир, бахусус дар Русия, ҷузъе аз дасткории ҳадафмандонае мебошад, ки гурӯҳҳои муайян роҳандозӣ мекунанд. Ҳадафи онҳо эҷоди тарс, нафрат ва тафриқа дар ҷомеа мебошад. Ин роҳбурд барои дур андохтани таваҷҷуҳ аз мушкилоти дохилӣ, пайдо кардани “гунаҳкор”-и мушкилоти ҷомеа, тақвияти нуфуз тариқи эҷоди душмони сунъӣ роҳандозӣ мешавад. Бояд донист, ки ин навъ дасткориҳо чӣ тавр роҳандозӣ мешаванд ва ба эътимод ба иттилоъ чӣ тавр таъсир мерасонанд”.
Дасткории маълумот дар сафҳаву гурӯҳҳои Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ҷиддист. Он қолабу тасаввуроти бардурӯғ эҷод карда, дар ҷомеа нобовариро паҳн мекунанд. Иттилоъро санҷеду ба манбаъҳои боэътимод бовар кунед ва фирефтаи маълумоти бардурӯғ нашавед.
Бояд дар хотир дошт, ки чунин маводҳо чизе бештар аз маълумоти бардурӯғ нест. Манбаи иттилоотро санҷед, ба ахбори боэътимод борвар кунед ва аз дасткориҳо дурӣ ҷӯед. Ба шабакаи мо обуна шавед, то ки аз хабару рӯйдодҳои охир ва иттилои боэътимод огоҳ бошед!
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста