Рашт. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард, аз мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ин ноҳия боздид кард.
Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тавилдара ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлат ҳамчунин аз бинои ҷанде қабл қоматафрохтаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия боздид намуда, дар боғи марказии ноҳия бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳолӣ мулоқот орост.
Зикр гардид, ки қаблан сарвари давлат ба ин ноҳия 6 автобуси мусофирбар, 5 трактори МТЗ-80 бо испораш, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 31 компютер фиристод.
Ба иттилои сарчашма, айни замон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати ҷумҳурӣ иштирок дорад ва пас аз анҷоми он ба Душанбе бармегардад.
Ёдрас мекунем, ки сафари кории президенти Тоҷикистон ба водии Рашт 2-уми октябр шурӯъ гардида буд. Зимни сафар сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз наздик шинос шуд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста