Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафти сипаишуда президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар машварати ҷумҳуриявӣ дар бораи   гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

            Сарвари давлат қабл аз оғози қисмати   назарявии машварат нахуст ба заминҳои   кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки дар ҳудуди ҷамоати   Лолазори   ноҳияи Данғара   қарор дорад, ташриф оварда, бо корҳои намунавии деҳқонони ин хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд. Дар яке аз қитъаҳои   замини ин хоҷагӣ президенти Тоҷикистон бо дуою фотиҳаи накӯ ба кишти   тирамоҳии гандуми тухмӣ дар замини   обӣ оғоз бахшида,   дастур дод, ки   гандуми   тирамоҳии тухмӣ дар 500 гектар заминҳои обии ин хоҷагӣ кишт карда шавад.

            Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо роҳбарият ва масъулони   соҳаи кишоварзии   шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба ташкили дурусти кишти тирамоҳии зироатҳо машварати корӣ   доир гардид, ки дар он ҳамчунин масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуданд. Ба онҳо баҳри вусъат додани кишти   тирамоҳии ғаладона ва сабзавоти   барвақтӣ барои баҳори соли   оянда, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, риояи   дурусти   қоидаҳои   агротехникии коркарди   замин ва дар маҷмӯъ афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоии ватанӣ ва таъмин   намудани амнияти озуқавории кишвар   дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

            Эмомалӣ Раҳмон қатъиян дастур дод, ки майдони кишти такрорӣ дар соли оянда ба 160 ҳазор   гектар   расонда шавад ва изҳор дошт, ки ин нисбат ба соли равон 60 ҳазор гектар зиёд аст. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки имсол тавассути истифодаи босамари заминҳо ва зиёд намудани истеҳсоли ғалладона қиматшавии босуръати   орду гандум натанҳо боздошта шуд, балки   нархи он то андозае паст гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.