Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» мавриди баҳси шадид ва тӯлонии намояндагони мардумӣ қарор гирифт.
Зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов изҳор дошт, ки пас аз қабули он ва розигии хаттии зану шавҳар ба ҳомиладоркунии сунъии занон аз рӯи қонун иҷозат дода мешавад ва кӯдаки бадунёомада дар мақомоти қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ сабт карда хоҳад шуд.
Дар суханронии худ намояндаи мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар ҳоле, ки беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумҳуриро мусалмонон ташкил медиҳанд, ворид намудани чунин тағйирот қобили қабул нест. Ӯ зикр кард, ки тӯли асрҳо дар ҷомеаи мо анъанае роиҷ гаштааст, ки тибқи он ҳамсарони бефарзанд барои тарбия тифлони ятим ва кӯдакони хешу наздикони худро ба фарзандӣ қабул мекунанд. «Шояд танҳо дар сурати аз нутфаи ҳамсари худ ба таври сунъӣ ҳомиладор гаштани зан қобили қабул бошад», - гуфт ӯ.
Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки намояндагони мардумӣ ҳангоми қабули қонунҳо бояд на танҳо меъёрҳои байнулмилалӣ, балки арзишҳо ва анъанаҳои миллиро низ бояд ба эътибор гиранд.
Раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев қайд кард, ки тағйироту иловаҳои мазкурро бо назардошти арзишҳои миллӣ мебояд бори дигар дар кумитаҳо ва комиссияҳои парлумон мавриди баррасӣ қарор дод. Намояндагони мардумӣ оид ба мавқуф гузоштани баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карданд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста