Барои роҳ додан ба болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон директорони ду бозори бузурги пойтахт аз мансабҳояшон барканор шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директорони бозорҳои «Деҳқонбозор» Зиёваддин Наҷмиддинов ва бозори «Шоҳмансур» Саймаҳмуд Муминовро аз вазифаҳояшон озод кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, директорони бозорҳо барои роҳ додан ба хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ташкили сусти кори бозор ва ба таври бояду шояд назорат накардан аз болои нархҳо аз мансабҳояшон сабукдӯш шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки Нурулло Алиев ва Суннатулло Назаров директорони нави бозорҳои номбурдаи пойтахт таъин шудаанд.
«Раиси пойтахт назди директрони нав вазифа гузошт, ки таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал аз минтақаҳои кишварро ба роҳ монда, ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ надиҳанд», - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорон ваъда дода буданд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боло намераванд,иаммо дар рӯзи аввали моҳ арзиши онҳо бамаротиб зиёд шуд.