Ба муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳисобот доданд, ки ҳанӯз то оғози тирамоҳ беш аз 1,5 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, омодагии худро ба адои хизмати ҳарбӣ изҳор намудаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим оид ба масъалаи ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ (1 октябр - 30 ноябр) машварат баргузор намуд.
Қобили зикр аст, ки муовини сарвазир ҳамчунин роҳбари ситоди ҷумҳуриявии ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ буда, зимни машварат ӯ аз масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ хотима гузоштан ба даъватҳои маҷбурӣ (облава)-ро талаб кард.
«Азим Иброҳим қайд кард, ки на ҳамаи маълумоти ВАО дар бораи зӯран ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани ҷавонон асоси воқеӣ дорад, вале далелҳои ҷудогонаи истифодаи чунин тарзи даъват то ҳол вуҷуд доранд», - гуфт манбаъ.
Азим Иброҳим Сарпрокурори ҳарбии ҷумҳуриро вазифадор кард, ки маъракаи даъват қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар ба роҳ монда шуда, аз масъулин талаб шуд, ки вазъи солимии даъватшавандагон дақиқкорона муоина шавад, то ки наврасони бемор ба хизмат даъват карда нашаванд.
Комиссарони вилояту шаҳру навоҳии кишвар ба муовини сарвазир итминон доданд, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат - то санаи 15 ноябр ба иҷро мерасад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.