Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додаас, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намои (фасад)-и тамоми биноҳои баландошёнаи пойтахт таъмиру навсозӣ шаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, то моҳи сентябри соли 2021 бояд намои 2 ҳазору 200 адад биноҳои баландошёнаи шаҳр таъмиру навсозӣ шаванд.

Ғайр аз ин, раиси шаҳр дастур додааст, ки ба муносибати ҷашн дар пойтахт 21 мактаби нав барои 18,5 ҳазор хонандагон ва 74 корхонаи саноатӣ бо 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шавад.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе сохтмони 133 биноҳои баландошёна ба итмом расида, 121 хобгоҳҳои донишҷӯён аз таъмир бароварда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар остонаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва чаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ намои ҳамаи биноҳои воқеъ дар тӯли роҳ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ва роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода таъмир ва навсозӣ шуданд.

Аз дастгоҳи раиси пойтахт он замон хабар дода буданд, ки барои ин кор пули аҳолӣ ва буҷет харҷ нашудааст.

“Намои биноҳо бо дархости ҳукумати шаҳр аз ҳисоби ширкатҳои сохтмон, ки дар Душанбе ба бунёди биноҳои баландошёна машғуланд, таъмиру навсозӣ мешавад”, - хабар дода буданд аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.