Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин шуданд, мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон озод гардида, Насрулло Маҳмудзода, ки то имрӯз дар вазифаи прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин гардид.

Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мурзабай Чошбаев бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Ҳусния Раҷабзода раиси ноҳияи Мурғоб таъин шуд. Ҳамзамон Мурзамат Абдулқаюм дар мувофиқа бо раисҷумҳур муовини Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Шоҳин Саидзода директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ ва Файзалӣ Идизода сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдураҳмонзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Хисрав Бобозода – муовини вазири мудофиа, Тоҳир Хоҷазода ректори Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, Ҳафиз Азиззода – сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Умеда Абдуллозода муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.

1/11

Дар мувофиқа бо раисҷумҳур прокуророни вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа, сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва роҳбарони якчанд сохторҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби ҷавонон таъин шуданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъиншударо ба хизмати содиқона ба нафъи халқу Ватан ва давлати Тоҷикистон даъват намуда, таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат кунад, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ нисбат ба зердастон серталаб бошад.

“Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар робита ба он, ки ҳар рӯз таҳдиду хатарҳои гуногун, аз қабили экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур кардани амалҳои зиддиинсонӣ, зиддибашарӣ ва халалдоркунандаи амнияту суботи мардум аз ҳар як фарди худхоҳу худшинос ҳушёриву зиракӣ ва самимияту садоқати бемисл ба Модар-Ватан, сарзамини муқаддаси Тоҷикистон ва мардуми шарифи он талаб карда мешавад”, - иброз дошт раисҷумҳур дар анҷоми мулоқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.