Имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакилон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, дар ҷумҳурӣ барои дидаву дониста (барқасдона) паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад.
"Касоне, ки ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, ба муҳлати 5 сол ва дар сурати такроран содир шудани ҷиноят (дар муддати як сол) ба муддати аз 5 то 10 сол равонаи зиндон мешаванд", - шарҳ дод ба "Азия-Плюс" ин тағйиротро муовни раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Равшан Раҷабзода.
Ҳамчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ дар мавриди паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар васоити ахбори умум дар бораи пандемия тағйироту илова тасдиқ гардид.
Дар сурати ба ин қонуншиканӣ даст задан шаҳрванд дар ҳаҷми 580 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.
Барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сериздиҳом, инчунин риоя накардани масофагирии байни ҳамдигар то 2 метр ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима ҷорӣ шуд.
То шоми рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 4 ҳазору 690 нафар (+ 81 кас) расид. Аз оғози эпидемия шумори умумии фавтидагон 48 нафар ва шахсони аз ин беморӣ шифоёфта 2 ҳазору 815 нафар (+52 кас)-ро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе бобати сарулибоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста