Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 сентябр бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президенти мамлакат дар деҳоти Чусти ноҳия Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Россия - “Марва-мебел”, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

1/8

Комплекси мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯзи Раҳмиддин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ӯзбекистон ва Россия бунёд карда шудааст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ “Кишоварз” ташриф оварда, бо нашъунамои ниҳоли дарахтони себ дар боғи навбунёди интенсивӣ шинос шуд ва ба ҷамъоварии ангур оғоз бахшид.

Дар ҳамин ҷо президенти Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан кард. Дар намоишгоҳ хоҷагидорони ноҳия иштирок намуда, маҳсули меҳнати хеш, аз қабили ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезӣ, картошка, зироати техникӣ ва ғайраро, ки давоми сол бо меҳнати ҳалол ба даст овардаанд, ба тамошо гузоштанд.

1/7

Дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав бо ҳузури сарвари двлат Майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ шуд. Масоҳати умумии майдон дар маркази ноҳия 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад. Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

1/5

Дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18...

1/5

... ва дар деҳоти Ҳаёти Нав бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1/5

Дар ҳамин деҳот маркази ташхисӣ-табобатии “Муҳаммадҷон”, ки дар он барои намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ шароити зарурӣ муҳайё шудааст ва майдончаи варзишии болопӯшида, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Ғозизода сохта шудааст, ба истифода дода шуд.

1/3

Сипас сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ....

1/4

... боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Шаҳринав иштирок кард.

1/9

Дар фарҷоми сафар президент бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот кард.

1/11

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар зарфи 29 соли гузашта барои рушди ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби буҷети давлат қариб 520 млн сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.