Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, ки ҳукумат бекор кардани онро ваъда дода буд, алҳол мисли пешин боқӣ мемонад. Қаблан дар назар буд, ки ин андоз аз 1 январи соли 2021 барҳам дода мешавад.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Карим Гулмуродзода имрӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон изҳор дошт, ки “агар андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард тиқби нақша соли 2021 бекор шавад, буҷети кишвар аз воридоти наздики 600 млн сомонӣ маблағ маҳрум мешавад”.

Ҳанӯз соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон шуда буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард аз моҳи январи соли 2015 коҳиш ёфта, минбаъд умуман барҳам дода мешавад.

Дар паём ба парлумон 23 апрели соли 2014 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ изҳор дошта буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард аз 1 январи соли 2015 кам шуда, аз 1 январи соли 2017 пурра барҳам дода мешавад.

Аммо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон барҳамдиҳии андози мазкур шурӯъ аз соли 2017 чандин маротиба ба вақти дертар мавқуф гузошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.