Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро ифтитоҳ намуд. Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил дода, иншоотро сохтмончиëни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд.

Дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад. удуди боғро 1250 ниҳолу дарахтони ороишии ҳамешасабз зеб медиҳад. Дар дохили боғ майдони рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунëд карда шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо ду майдончаи варзишӣ низ сохта шудааст.

1/9

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон аз Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ боздид кард.

Масоҳати умумии иншоот беш аз 3 гектарро ташкил дода, бинои асосии он сеошёна мебошад. Беморхонаи марказии ноҳия аз 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, кӯдакона, ёрии таъҷилӣ, амалиёти ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон ва таваллудхона иборат аст.

Барои таъмиру таҷдиди бинои беморхона ва ҷиҳозонидани он бо дастгоҳу таҷҳизоти соҳа ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонкии олмонии рушд беш аз 53 млн сомонӣ сарф намудааст.

1/7

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”-ро ифтитоҳ кард.

Иншооти фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо усули меъмории замонавӣ аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

Партовҳои зиёд, оби ифлос ва роҳи таъмирталаб ҳолати қаблии мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” буд, ки метавонист ба хуруҷи даҳҳо беморӣ сабаб шавад. Акнун дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст.

Бо назардошти он, ки оби нӯшокӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт, сароғоз аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои сокинони деҳаи Қайнар оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд.

Ҳамзамон дар ин ҷо ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар шафати мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст.

1/7

Дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгаштро ифтитоҳ кард.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг воқеъ мебошад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Майдон низ аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” сохта шудааст.

1/6

Дар деҳаи Меҳнатобод президент инчунин ба фаъоляти корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофӣ оғоз бахшид.

Иншооти замонавӣ аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад.

1/8

Дар деҳаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон муассисаи томактабии хусусии “Оиша”-ро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Махтумбӣ Абдулҳаева сохта шудааст.

1/10

... Инчунин маҷмааи бузурги хизматрасонии сайëҳӣ ва меҳмонхонаи “Сайëҳон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маҷмаа дар масоҳати 1,8 гектар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров сохта шудааст.

Меҳмонхонаи “Сайëҳон” аз 42 ҳуҷра иборат буда, ҳар кадоми он дорои шароити мусоиди зисту зиндагонӣ мебошад ва имкон аст дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонида шавад.

1/11

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.