Таҳти раёсати президенти кишвар, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 феврал маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода гузориш дод.
Зикр шуд, ки ар ҷумҳурӣ дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазору 828 гектар обӣ қарор дорад. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2021 майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст. Заминҳои корами ҷумҳурӣ 205 гектар ва майдони корами обӣ 246 гектар кам шуда, дарахтони бисёрсола 1 ҳазору 218 гектар, аз он 889 гектар обӣ зиёд шудааст.
Президент ба масъулон супориш дод, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои киштшаванда ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Сипас аъзои ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонунҳои ҶТ “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи байторӣ”-ро муҳокима намуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳои дигар, Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш, Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон дар солҳои 2022-2026, мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифт.
Баъди баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста