Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва муовинони мудири Маркази миллии тестии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мақомдорони нав таъин шуданд.
Зафаршо Иброҳимзода, ки то ин вақт муовини мудири Осорхонаи миллӣ буд, ҳоло мудири ин Осорхона таъин шуд. Мудири пешини Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд.
Рамазон Одиназода, ки то чанде пеш раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илму маориф буд, ба ҷойи Исматулло Шодиён мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм таъин шуд.
Уктам Олимҷонзода ва Абдулвосит Шодиниё вазифаҳои муовини мудири Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон соҳиб шуданд.
Илҳомҷон Қодирӣ, декани собиқи факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави Бохтар мудири Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин шуд. Алимардонзода Ориф Алимардон аз вазифаи мудирии ин Мактаб барканор шуд.
Ҷӯразода Кабир Каримҷон ҳам бидуни зикри барканорӣ аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шуд.
Ҳамчунин Вализода Абдуқодир Исуф шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба ҷойи Ҷаббор Носирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин шуд.
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста