Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Носирӣ аз вазифааш озод карда шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб барканор шудааст.
Гуфта мешавад, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Рустам Сайдаҳмадзода низ бо чунин сабаб аз вазифааш озод карда шудааст.
Дар борааи кадом кирдори судяҳо сухан рафтан хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтаанд, Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаро рад карда, изҳор доштааст, ки дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.
Радиои Озодӣ инчунин хабар медиҳад, ки ба гумони қаллобӣ котибаи Саидаҳмадзода - Азиза Ҳайдарова низ боздошт шудааст.
Бино ба маълумоти Радио, дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май президент бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзодаро - аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзодаро - аз мансаби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барканор кард.
Таҳримҳои зидди Русия ба афзоиши содироти маҳсулоти соҳибкорони тоҷик сабаб шуд
Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд
Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд
Пешниҳоди таъсиси гуруҳ ба диаспораи ӯзбекон дар Перм барои иштирок дар ҷанг бо Украина
Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?
Русия 13 шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд (рӯйхат)
Имзои қарордод дар бораи таҳсили низомиёни тоҷик дар мактабҳои олии Ӯзбекистон
Дар рӯзи аввали сафари президент ба Суғд чиҳо боз шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста