Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(АП СААД) дар Маскав рӯзи 5 декабр таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ихтилофҳо дар минтақаҳои гуногуни саросари дунё, ки барои рушди бисёре аз кишварҳо мушкил эҷод мекунанд, ҷалб кард.

Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД таъкид дошт.

Ӯ зикр кард, ки ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ба даст омадааст.

Бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Арманистон дар СААД Рустами Эмомалӣ ба ин ҷониб ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба ҷониби Беларус барои мусоидат баҳри татбиқи зарфиятҳои ин кишвар дар давраи раёсат дар Созмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро иброз дошт.

Сурат: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

Гуфта мешавад, бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии СААД як қатор санадҳо қабул карда шуд.

Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки пеш аз иштирок дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин дидору гуфтушунид анҷом дод. Инчунин аз маркази фарҳангию маърифатии “Заряде”-и шаҳри Маскав боздид намуда, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.