Имрӯз, 16-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумат ва судҳои кишвар як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ, бинобар ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шуд. Маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъин гардидааст ва ҳамчунин, ба ҷойи ӯ низ кӣ таъйин шудааст.
Мирзозода Парвиз Таваккал бошад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин гардид. Ӯ қаблан дар вазифаи судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон кор мекард ва моҳи декабри соли 2022 аз вазифа бозхонд шуда буд.
Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор қарорҳоро дар хусуси тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат имзо намуд.
Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин карда шуд.
Шоҳиён Нуралӣ Набот, ки то ин дам дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият дошт, бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифа озод гардид.
Шерзода Ситора Ҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Рустамзода Малоҳат Рустам таъин карда шуд.
Аламзода Исроил Бобо муовини якум ва Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз кор озод карда шуданд. Ҳар ду онҳо бо сабаби кори дигар гузаштан, аз вазифа озод гардиданд.
Дар ҳайати роҳбарии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифт. Ҷумазода Сабур Ҷамол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Агентии мазкур озод гардида, Зарифзода Хуршед Зариф муовини якум ва Сафарзода Алим муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини якум ва Азиззода Табассум Баҳром муовини сардори Хадамот таъин карда шуд.
Ҳамчунин, Каримзода Раъно Алиҷон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Имрӯз, инчунин бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста