Имрӯз, 10-уми май, Сардор Бердимуҳамадов, Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.
Дарн ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маросими истиқболи расмии меҳмон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуда, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, - менависад ин расона.
Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Таъкид мегардад, ки дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.




Медали тиллои таэквондочии тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Дар Тоҷикистон 200 нафар занон метавонанд то 110 ҳазор сомонӣ грантҳои президентиро дарёфт кунанд
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста