Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 июн муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд”, - гуфт президент.
Гуфта мешавад, дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.
Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз зикр кард.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста