Дар нимсолаи аввали соли 2024 се додрас ба ҷавобарии ҷиноӣ ва 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, тафтишот ва баррасии парвандаи собиқ додраси ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода ҷамъбаст гардида, Додгоҳи олӣ ӯро дар асоси қисми 3-и моддаи 319 ва қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бахтиёр Абдураҳмонзода барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад. Ӯро 25-уми январи соли ҷорӣ кормандони Раёсати Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар вилояти Хатлон дар утоқи кориаш дастгир карданд.
Ҳамчунин, ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, дар ин давра ду додраси дигар Фирдавс Маҷидзода, собиқ додраси Додгоҳи шаҳри Левакант ва Ҳанифа Алимзода, собиқ додраси Додгоҳи шаҳри Кӯлоб низ ба ҷиноят даст задаанд.
Аммо маълум нест, ки онҳо мушаххасан барои кадом ҷурм муттаҳам шудаанд. Танҳо гуфта мешавад, ки 3 - юми майи соли 2024 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ҳанифа Алимзода аз мақомаш барканор шуд. Аммо тақдири Фирдавс Маҷидзода норӯшан аст. Шоҳиён танҳо гуфт, ки яке аз ин ду додрас ҷарима шудаасту дигаре аз озодӣ маҳрум гардидааст. Вале маълум нест, ки кадом ҷаримаву кадоме аз озодӣ маҳрум шудааст.
Ба иттилои Шоҳиён, дар ин давра барои роҳ додан ба камбудиҳо ва иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи зарурӣ бо қарорҳои коллегияи тахассусии судяҳо 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Аммо ҳуввияти онҳо низ мушаххас нест.
Парвандаи Зоҳир Муминзода, собиқ додраси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки 18-уми июли соли равон бо ҷурми латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз мақом ронда шуд, аз ҷониби додситонӣ тафтиш мешавад. Ҳоло маълум нест, ки нисбати ӯ чӣ чора андешида мешавад.
Ин бори аввал нест, ки Шермуҳаммад Шоҳиён дар хусуси қонуншиканиву қоидавайронкунии зердастонаш маълумот дода, аз он изҳори нигаронӣ мекунад. Қаблан раиси Додгоҳи олӣ зикр карда буд, ки ҳар сол ду се додрас даст ба ҷиноят мезананд.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста