Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» - | Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки вазифаи мубориза бо фасодро бар дӯш доранд, аксаран худ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, рузи сешанбе ,26 апрел, директори Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, миёни мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ВКД дар феҳрасти фасодзадатарин мақомот ҷойи хоса касб мекунанд. «Эҳтимолан ин аз сабаби зиёд будани кормандони ин вазорат, дар қиёс ба дигар мақомотҳо мебошад. Ва инчунин аз ин хотир, ки милиса ҳар рӯз, ҳар соат бо мардум сару кор дорад», мегӯяд Саидов. Гуфта мешавад, ки дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 11 ҷинояти хислати корупсиони дошта аз ҷониби 9 корманди милиса, 7 ҷиноят аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, 6 ҷиноят аз тарафи 5 корманди Вазорати дифоъ ва ба ҳамин шумор аз сӯйи ду корманди прокуратура содир карда шуданд.
Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод қонунвайронкунии ахиран дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ошкор шударо мисол оварда гуфт, «Чанде пеш шӯъбаи мазкур як шаҳрванд, писари шахси шинохтаро бо ҷурми гумонбар шудан дар мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддар боздошт кард. Барои аз ҷавобгарӣ озод кардани ӯ чавони дигари бист соларо ёфта барои ба дӯши худ гирифтани ҷавобгарӣ ба волидайнаш 20 ҳазор доллар пешниҳод карданд. Онҳо ҳамчунин ваъда карданд, ки муддати 3-4 соли оянда писарашонро аз маҳбас мебароранд». Бар тибқи маълумоти Саидов феълан як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла сардори шӯъбаи тафтишотӣ, муовини ӯ, муфаттише, ки бевосита ин корро пеш мебурд, дастгир шудаанд. «Мо боз ду тани дагарро, ки дар ин ҷиноят ҳамроҳ ҳастанд ошкор кардем», - гуфт Саидов ва афзуд, ки «баъзе аз кормандони милиса инсофро аз даст додаанд».
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста