Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода доир гардида, дар он роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва намояндагони Кумитаи андоз ва Суди Олии ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ» дар соли 2010 ва 4 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки комёбии аслии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу осоиш дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва боздошти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ифода меёбад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуйии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор сохтани ҷиноёти марбут ба терроризм, куштори барқасдона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи ғайриқонунии замин чандон қаноатбахш нест.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста