Душанбе. 20-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави посгоҳи шашуми гурӯҳи марзбонии Панҷ як даста марзбонон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Панҷ ҳадафи оташи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, пас аз муқовимати ҷавобии марзбонон гурӯҳи номаълум ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдааст. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо се тирдон, 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин, 2 кило афюн ва 2 кило ҳашиш дарёфт шуд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷаи ин задухӯрди мусаллаҳона ҳеҷ афроде аз марзбонон ва кормандони КДАМ осеб надидаанд.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста