Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик пурра анҷом меёбад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба унвони роҳбарони шаҳру навоҳие, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаро таъмин намуданд, номаи сипос ирсол кардааст. «Бино ба маълумоти Раёсати Тадорукоту сафарбарии вазорат, ҳудуди 60%-и даъватшудагони маъракаи мазкур ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳозир шуданд», - таъкид кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати хатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад ёфт. Барои ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сатҳи зарурӣ дар кишвар таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ситоди ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати харбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.




Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста