Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни амалиёти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 60-километрии маркази ноҳияи Рашт яке аз маҳбусони фирории тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ кушта ва як нафари дигар боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии чумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳамчунин аз ду нафар ҳаммаслакони маҳбусони фирорӣ низ яке куштаву дигарӣ дастгир шудааст. «Дар минтақаи душворгузари дараи Гургонии водии Рашт макони будубоши ду нафар маҳбуси фирорӣ ва ҳаммаслакони онҳо ошкор гардида, ду нафар боздошт ва ду нафар зимни муқобилати мусаллаҳона ба қатл расиданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, боздоштшудагон – шаҳрванди Ӯзбекистон, узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фурқат Холматов ва шаҳрванди Тоҷикистон Имомназар Муқимов буда, кушташудагон – маҳбуси фирорӣ, сокини ноҳияи Тоҷикобод Мазҳариддин Худоёров ва ҳаммаслаки ӯ – ҷинояткори хавфноки таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта Маҳмадкарим Иброҳимов мулаққаб ба «Шайх Камол» мебошанд. «Дар ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 пулемёти дастӣ, 1 норинҷакафкан бо 7 снаряд ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуд», - иброз дошт М.Асадуллоев.
Зикр гардид, ки дар амалиёти мазкур ҳеҷ яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ахолии маҳаллӣ осеб надидаанд.
Айни замон ҷустуҷӯи боз 6 маҳбуси дигар, ки шаби 22 ба 23 август аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе 25 нафар маҳбусон фирор карданд. Миёни маҳбусони фирорӣ 4 нафарӣ шаҳрвандони Русияву Афғонистон, ду нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. То ин замон дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 15 нафар аз маҳбусони фирорӣ дастгир ва 4 тан кушта шуданд. Ҳукуматдорон мегӯянд, тахминан аз макони будубоши 6 нафар маҳбуси фирории боқимонда низ огаҳанд.
Дар таърихи 3-юми майи соли ҷорӣ оид ба фирори маҳбусон аз тавқифгоҳ мурофиаи додгоҳӣ барпо гардида, 7 нафари онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд. Се нафар аз маҳбусони фирорӣ, аз ҷумла бародари Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев ба муддати 30 соли равонаи зиндон гардида, 4 нафари дигар ба ҳабси якумра маҳкум шуданд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста