Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ шаҳрванди навбатии Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Афғонистонро боздошт намуда, зимни кофтуков аз ӯ ба миқдори 5,5 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд.

Аз ифшои ҷузъиёти амалиёт ва номи боздоштшуда Бузмаков худдорӣ кард. Ӯ гуфт, айни замон кормандони мақомот ҷиҳати муайян кардани даст доштани боз якчанд нафар ба ин ҷиноят чораҳо андешида истодаанд.

Соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 310 кило маводи мухаддир мусодира карда шудааст.