23 августи соли ҷорӣ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Тревор Мур ва намояндагони Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст кардани хатар (GTRP) ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд ва дар ҷамъомад бахшида ба кушодашавии иншооти нави системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ ва анҷоми лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Британия ширкат намуданд.
Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби GTRP маблағгузорӣ карда шудааст ва тавассути Оҷонсии Байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ (IAEA), ки намояндагони он дар ин ҷамъомад низ ширкат доштанд, амалӣ гардидааст, системаи муҳофизатии иншооти ҷумҳуриявиро оид ба партовҳои радиоактивӣ воқеъ дар Файзобод тавассути ҷиддан беҳтар гардонидани инфраструктураи мавҷудаи он хеле мукаммал намуд.
Мақсади лоиҳаи мазкур чун тамоми лоиҳаҳои дигари GTRP ин ба талаботи Оҷонсии байналмилалии қувваи ҳастаӣ (IAEA) мувофиқ кунонидани системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ мебошад.
Баъди шиносоӣ аз иншоот ҳамроҳи намояндагони ҳукумат ҷаноби Тревор Мур дар баромади хеш қайд намуд:
“Ман хело хурсандам, ки имрӯз дар маросими беҳтар гардонии системаи бехатарӣ дар Файзобод ширкат меварзам. Барои Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба кам кардан хатар ин лоиҳаи муҳим ва мушкил буд ва он якҷоя бо Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини бехатарии масолеҳи ҳаставӣ ва радиоактивӣ, ҳамчунин масолеҳе, ки дар Файзобод мавҷуд ҳаст, ба дӯш дорад, амалӣ гардид. Тӯли идомаи лоиҳа Ҳукумати Британия бо Оҷонсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон муносибати қавии корӣ барқарор намуд. Мо бесаброна хоҳони дар оянда идома додани ҳамкории зичи тарафайн мебошем».
Маълумотнома: Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст намудани хатар аслан барои муайян намудани саҳми Британияи Кабир дар барномаи “Шарикии умумӣ”-и G8 барои 10 сол тарҳрезӣ шудаст ва соли 2002 лоиҳае бо маблағи 20 миллиард доллар оғоз гардид, ки мақсади он асосан кӯмак расонидан ба Руссия ва кишварҳои собиқи шӯравӣ дар масъалаи ҳалли боқимондаҳои яроқ ва масолеҳи ҳаставӣ, ки аз замони шуравӣ мерос мондааст, мебошад. Саҳми Ҳукумати Британия Кабир дар ин лоиҳа 750 миллион долларро ташкил медиҳад, ки то имрӯз зиёда аз 350 миллиони он истифода шудааст.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста