Шурӯъ аз имрӯз то 10-уми сентябри соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи ин муддат дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили Иди Рамазон (31-уми август), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2-юми сентябр), вохӯрии ба истилоҳ «чаҳоргонаи Душанбе» - сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон, нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ (2-3-юми сентябр) ва ҳамчунин сафари кории президенти Эрон ба Тоҷикистон баргузор мегардад ва ин чора бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон пеш гирифта шудааст.
«Ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба таъмини амният дар ҷойхои ҷамъиятӣ назорат хоҳанд бурд, бо нерӯҳои иловагиву техника пурзӯр карда хоҳад шуд», - гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар тамоми манотиқи кишвар ва марзи давлатӣ низ чорахои иловагии таъмини амният андешида мешаванд.
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста